logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда 4884

Оиди ширкат

Бо таъсисёбии ҶСП «Телекомм Технолоджи» нуқтаи сарҳисоби ҷорӣ намудани Интернет дар Тоҷикистон оғоз мегардад.

Соли 1994 ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Телекомм Технолоджи» таъсис шуда буд. Маҳз дар он замон рушди аслӣ дар соҳаи дастрасӣ ба Интернет ва телефонияи мобилӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Аллакай соли 1996 ширкати «Телекомм Технолоджи» ба ҳайси аъзои ташкилоти байналмилалии системаҳои моҳворавии алоқа INTELSAT шомил гардид. Бад ин васила, ширкат ба кушодашавии муҳити виртуалии умумибашарии – Интернет барои тоҷикистониён қадами аввалинро гузошт. 

Самтҳои асосии фаъолияти ширкат

  • Пешниҳод намудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет;
  • IP-телефония;
  • SIP - телефония;
  • CDMA 2000 1x WLL
  • NGN (Next Generation Network - шабакаи алоқаи насли оянда);
  • Бунёдсозӣ ва дастгирии шабакаҳои алоқаи радиорелеӣ ва системаҳои дастрасии бесими паҳнбасомади Wi-Fi.
  • Ташкили шабакаҳо дар асоси технологияҳои ассиметрии хатҳои рақамии муштарӣ xDSL, (ADSL, SHDSL)
  • Таҳвил, фурӯш ва таъмири техникаи компютерӣ ва идоравӣ;

Таърих

1994 сол

Таъсисёбии ҶСП «Телекомм Технолоджи»;

Аз 1994 сол то 1996 сол

Ширкат зиёда аз 40 шабакаи бонкӣ ва корпоративиро дар миқёси Ҷумҳурӣ ташкил намуд; ҶСП «Телекомм Технолоджи» узви ташкилоти байналмилалии системаҳои алоқаи моҳворавии INTELSAT D.A.T.E. USER гардид; Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «Телекомм Технолоджи» аввалин шуда дар Тоҷикитсон системаи телевизиони рақамиро бо стандарти MPEG-2 роҳандозӣ намуда, таҳвили онро дар ВМКБ (ш.Хоруғ) таъмин намуд;

23 декабри 1998 сол

Ширкат аввалин шуда дар Тоҷикистон дастрасии интернетро ба сокинони ш.Душанбе таъмин намуд;

2000 сол

Байни ҶСП «Телекомм Технолоджи» ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ қарордод оид ба маблағгузории лоиҳаи ширкат «Дар бораи таъсис додани шабакаи умумиҷумҳуриявӣ Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Корбурди истгоҳи аввалини моҳворавии VSAT ва ташкил намудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет барои истифодабарандагони ш.Хуҷанд, вилояти Суғди Тоҷикистон;

2001 сол

Ҷорӣ намудани системаи IP-телефония ва кушодашавии якумин Интернет кафе дар ш.Душанбе; Ширкат соҳиби ҷоизаи "Медали Тиллоӣ" аз Ассотсиатсияи саноатчиён Фаронса барои дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ (Париж, Фаронса);

2003 сол

Байни Ширкат ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ қарордод оид ба маблағгузории лоиҳаи ширкат «Дар бораи таъсиси шабакаи умумиҷумҳуриявии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид; Ширкат соҳиби ҷоизаи "Ситораи байналмилалии тиллоии сифат" барои сатҳи баланди пешниҳоди хизматрасониҳо (Женева, Швейтсария); Оғози роҳандозӣ ва корбурди лоиҳаи «Таъсиси шабакаи умумиҷумҳуриявии интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

15 сентябри 2004 сол

Ширкат истгоҳи моҳворавии VSAT-ро дар маркази маъмурии ВМКБ – ш.Хоруғ ва ш.Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо имконияти дастрасӣ ба шабакаи Интернет роҳандозӣ намуд;

2005 сол

Бо кушодани дастраси ба шабакаи Интернет барои сокинони ш.Панҷакент (вилояти Суғд) дар Тоҷикистон шабакаи пайвасти таҳвили маълумот таъсис дода шуд; «Телекомм Технолоджи» ба таъсиси шабакаи NGN дар Тоҷикистон оғоз намуд.

2006 сол

«Телекомм Технолоджи» шабакаи насли ояндаро NGN-Next Generation Network роҳандозӣ намуд. Ба ҳайси шарик ва таҳвилгар ширкати HuaweiTechnologies интихоб гардид; «Телекомм Технолоджи» соҳиби ҷоизаи "Тоҷи сифат" дар категорияи "Platinum" Конвенсияи Байналмилалӣ оид ба сифат (Лондон) гардид;

2007 сол

Ҷорӣ намудани системаи алоқаи бесими стандарти CDMA 2000 1X – CDMA WLL дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2008 сол

Ба имзо расонидани қарордоди қарзӣ бо Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид оид ба рушди шабакаи CDMA 2000 1x WLL дар ҳудуди НТМ ва вилоятҳои Суғду Хатлон;

2009 сол

Ширкат ба сохтмони шабакаи миқёси умумиҷумҳуриявии нахию нурӣ оғоз кард;

2010 сол

Ширкат шабакаи магистралии нахию нурии SDH-ро ҷорӣ намуда, дастрасиро ба шабакаи Интернет бо суръати 50мб/с таъмин намуд; Рушди дастрасии шабакаи нахию нурӣ бо суръати 140мб/с; «Телекомм Технолоджи» барои шабакаи нақлиётӣ дар шаҳрҳои – Душанбе, Хуҷанд, инчунин дар марказҳои ноҳиявӣ – Варзоб, Айни, Панҷакент таҷҳизот насб намуд;

10 декабри 2011 сол

Рушди шабакаи магистралии нахию нурӣ (SDH) – “Шимол-Ҷануб” ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар сатҳи – 2xSTM1 – то 300 Мб/с;

2012 сол

Зиёд намудани имконияти гузариши канали берунаи Интернет то сатҳи 4хSTM1 ё 600 Мб/с;


Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть